Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама Наврӯзро табрик гуфт


Барак Обама ҳангоми арзи паёми наврӯзӣ
Барак Обама ҳангоми арзи паёми наврӯзӣ

Раисҷумҳури Амрико дар як паёми наврӯзӣ ба мардуми Эрон гуфтааст, ИМА хоҳони “оғози наве” дар равобити дипломатӣ бо Эрон аст.

Барак Обама Наврӯзро барои иртиботи рӯ ба рӯ бо мардуми Эрон интихоб кард, ки соати чаҳору чиҳилу сеи вақти Душанбе дар Эрон фаро расид. Барак Обама, ба қавле, меҳмони ҷашни наврӯзӣ шуд ва бо эҳтиром, вале самимона аз нигоҳаш ба ояндаи равобити ду кишвар гуфт, ки тақрибан сӣ сол қаҳрианд ва ҳеҷ равобити дипломатӣ надоранд:

«Ба муносибати фаро расидани Соли Нави шумо моилам, ки шумо мардум ва раҳбарони Эрон бидонед, ки мо дар ҷустуҷӯи чӣ гуна ояндае ҳастем. Ин ояндаест ҳамроҳ бо мубодилоти таҷрибашуда миёни мардуми мо ва имконоти бузургтаре барои мушорикат ва бозаргонӣ. Ин ояндаест, ки дар он ихтилофоти дерина бартараф шудаанд, ояндае, ки дар он мо, шумо ва ҳамсояҳоятон ва ҷаҳон метавонем дар сулҳу амнияти беҳтаре зиндагӣ кунем».

Nowruz message of the US President Barack Oba
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00


Барак Обама доир ба ҷузъиёти ихтилофоте сухан нагуфт, ки равобити ду кишварро тираву тор кардааст. Аммо ин ихтилофот бар сари барномаи атомии Эрон аст, ки ба эътиқоди Амрико, барои дастёбӣ ба силоҳи атомист, ва дигар ҳимояти Эрон аз созмонҳои «Ҳамос»-у «Ҳизбуллоҳ» аст, ки Амрико ҳардуро террористӣ медонад.

Барак Обама гуфт: «Шумо ҳам дар баробари худ интихобе доред. Иёлоти Муттаҳида моил аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ҷойгоҳи ростини худ дар ҷомеаи байнулмилалӣ қарор бигирад. Шумо дорои чунин ҳаққе ҳастед, аммо ин ҳақ бо масъулиятҳои воқеӣ ҳамроҳ аст ва ба ин ҷойгоҳ на аз роҳи террор ё силоҳ, балки аз тариқи иқдомоти мусолиматомез, ки нишондиҳандаи ҳақиқии бузургии миллат ва тамаддуни Эрон аст, метавон даст ёфт».

Паёми наврӯзии Барак Обама дар миёни мақомоти расмии Эрон вокунишҳои эҳтиёткоронае барангехт. Алиакбар Ҷавонфикр, мушовири матбуотии Маҳмуди Аҳмадинажод, гуфт, Эрон аз нияти раисҷумҳури Амрико барои канор гузоштани ихтилофоти дерина истиқбол мекунад. Аммо гуфт, раисҷумҳури Амрико бояд гуфтаҳояшро дар амал иҷро кунад. Эрониҳои оддӣ аз паёми наврӯзии Барак Обама бо хушнудӣ истиқбол карданд.

Дар Аврупо ҳам аз паёми Барак Обама ба Эрон ситоиш карданд ва аз ҷумла Хавиер Солана, сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, бисёр умедвор аст, ки эрониҳо ба гуфтаҳои Обама аҳамияти хуб хоҳанд дод. Ба паёме, ки он ҳам ба форсӣ поён ёфт ва Барак Обама гуфт, «Иди шумо муборак!».
XS
SM
MD
LG