Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои варзиши майдонии Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии зимистонаи Тоҷикистон оид ба варзиши сабук ё варзишҳои майдонӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз 150 варзишгар баргузор шуд.

Дар сабқати занон варзишгарони шаҳри Душанбе Влада Овчаренко, Олга Герасимова, Олга Эшмуродова, Надима Мирзоева, узви дастаи мунтахаби вилояти Хатлон Таҳмина Шаймонова ва намояндаи шаҳри Турсунзода Нилуфар Мирзоева дар давидан ба масофаҳои мухталиф ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Душанбегиҳо Галина Митяева дар гурзандозӣ ва партови вазна, Шаҳзода Зиёева дар ҷаҳидан ба дарозӣ, варзишгарони вилояти Хатлон Ҳангомаи Абдуғаффор дар партови диск, Мавлуда Асламова дар найзаандозӣ, аъзои дастаи мунтахаби вилояти Суғд Раҳима Акбарова дар ҷаҳидан ба баландӣ ва Умеда Ҷӯраева дар ҷаҳиши секарата ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар сабқати мардон варзишгарони Душанбе Игор Хан, Сайёд Зайниддинов ва Аҷмал Амиров, намояндагони вилояти Суғд Александр Пронженко ва Фарҳод Қуралов дар давидан ба масофаҳои гуногун соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Душанбегиҳо Дилшод Назаров дар гурзандозӣ, Шамс Шарифов дар партови диск, Зоир Яҳёев дар найзаандозӣ, Алишер Эшбеков дар портови вазна, Азизбек Гулов дар ҷаҳидан ба дарозӣ, варзишгари ноҳияи Ҳисор Тоҳир Исҳоқов дар ҷаҳидан ба баландӣ ва намояндаи вилояти Суғд Акмал Турдиев дар ҷаҳиши секарата байни мардон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар эстафетаи чаҳоркаса ба масофаи 400 метр миёни занон дастаи Душанбе-1 ва байни мардон варзишгарони вилояти Суғд ғолиб шуданд.
XS
SM
MD
LG