Ба гуфтаи ин хонуми самарқандӣ, пеш аз маросими пӯхтани суманаки Наврӯзӣ дар Самарқанд занон кокулони духтаронашонро майда мебофанд ва онҳоро оро медиҳанд. Малика гуфт, аммо кӯдакону наврасон ба кӯҳ рафта, гулҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бойчечак мечинанд ва ин гулҳоро ба онҳое ҳадя мекунанд, ки барҷомонда ҳастанд ва ё аз имкони ба кӯҳу саҳро баромадан маҳруманд.
Малика Тӯрақулова гуфт, вай аз номи занони самарқандӣ Наврӯзи хуҷастаро ба тамоми шунавандагони радиои Озодӣ табрик мегӯяд ва барояшон хонаободӣ, тансиҳатӣ ва барқарории сулҳу суботро таманно дорад.
Адолат Гулова, як сокини шаҳри Бухоро мегӯяд, ҳар сол дар арафаи иди Наврӯз дар яке аз майдонҳои шаҳри онҳо деги калон мегузоранд ва оши палав мепазанд. Вай афзуд, ба он ҷо мӯйсафедонро даъват мекунанд.
Ба гуфтаи Адолат Гулова, аммо занҳои бухорӣ дар ин шабурӯз хеле сертараддуданд. Вай мегӯяд, ҳамин ҳоло ба пухтупази ғизоҳои Наврӯзӣ машғул аст.
Ин хонуми бухорӣ ҳамчунин таъкид кард, ки тибқи анъана рӯзи иди Наврӯз занону духтарон ба хонаҳои наварӯсон мераванд ва бори дигар аз даргоҳи Худованд барои наварӯсон бахту иқбол таманно карда ва аз таомҳои наврӯзии онҳо тановул мекунанд. Бино ба суханони Адолат Гулова, се набераи вай низ фотиҳа шудаанд ва ҷониби домод савғотиҳои зиёде овардаанд, ки рӯзи ид рӯи хони наврӯзӣ гузошта хоҳанд шуд.
Шарҳҳоро бинед (1)
Боз кардани шарҳи бештар