Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раёсатҷумҳурии бемӯҳлат дар Озарбойҷон иҷоза шуд


Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки дар Озарбойҷон аксарият ба ҷонибдории аз байн бурдани маҳдудияти ширкати танҳо дукаратаи як нафар дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ овоз доданд. Раҳбарони мухолифин гуфтанд, ки дар ҷараёни раъйдиҳии рӯзи чоршанбе ба тақаллуби зиёд роҳ дода шуд ва онҳо ният доранд ба додгоҳ шикоят баранд. Натиҷаҳои расмии раъйпурсӣ маънои онро дорад, ки Илҳом Алиеви 47-сола дар сурати интихоби чандинборааш метавонад тамоми умр раҳбари Озарбойҷон монад. Вай соли 2003 баъди падари худ Ҳайдар Алиев раҳбарии ин ҷумҳурии шӯравии пешинро ба ӯҳда гирифт, ки худ аз соли 1969 ба ин тараф дар мақоми баландтарини ин кишвар раҳбарӣ кардааст. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки баъди ҳисобу китоби натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар 52 ҳавзаи интихоботӣ мушаххас шудааст, ки 92 дар сади раъйдиҳандагон ба ҷонибдории ислоҳи қонуни асосӣ овоз додаанд. Мақомот мегӯянд, ки дар раъйдиҳӣ 71 дар сади шахси қобили раъй иштирок карданд. Мухолифин, ки ба бойкоти раъйпурсӣ даъват карда буданд, мегӯянд, дар ҷараёни раъйдиҳӣ чандин навъи нақзи қонуни интихобот, аз ҷумла овоздиҳии чандинкарата ва таҳияи баргаҳои аз пеш пуршуда ба мушоҳида расидааст. Алӣ Керимлӣ, раҳбари яке аз ҳизбҳои мухолифини Озарбойҷон гуфт, ки назар ба эътимоди мухолифин дар интихобот на бештар аз 15 дар сади мардум иштирок кардаанд.
XS
SM
MD
LG