Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафони мусобиқаи байнулмилалӣ дар Тошканд


Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи аввалин гроссмейстери Узбакистон Георгий Аъзамов дар шаҳри Тошканд бо ширкати 98 шатранҷбози 10 кишвари ҷаҳон ҷараён дорад.

Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов дар даври дуюм бар шатранҷбози Узбакистон Бегалӣ Саидов пирӯз шуда, бозии даври сеюмро бо устоди байналмилалӣ Ринат Ҷумъабоев (Қазоқистон) мусовӣ анҷом дод. Пас аз даври сеюм Фаррух Амонатов бо 2,5 имтиёз байни 98 нафар дар ҷои 6-ум қарор гирифтааст.

Гроссмейстер Сергей Волков, аз Русия, бо 3 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Инчунин се нафари дигар - Виталий Тсешковский (Русия), Марат Ҷумъаев ва Ҷӯрабек Ҳамроқулов (ҳарду аз Узбакистон) - сеимтиёзӣ ба даст овардаанд. Собиқ қаҳрамони ҷаҳон Рустам Қосимҷонов (Узбакистон) бо 2,5 имтиёз панҷум аст.

Шатранҷбозони тоҷик Неъмат Зиёев бо 2 имтиёз дар ҷои 26-ум, Соҳиб Ҷӯраев бо 1,5 имтиёз дар ҷои 46-ум ҷойгир шудаанд. Темур Гадоев, Сӯҳроб Ҳошимов ва Давлатмамад Сангмамадов якимтиёзӣ доранд, вале Асила Мӯҳтоҷзода имтиёз ба даст наовардааст.

XS
SM
MD
LG