Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар бунёди нақби азими "Истиқлол"


Давлати Тоҷикистон такмили сохтмони нақби муҳими "Истиқлол"-ро мутаввақиф кардааст, ки шимоли кишварро бо марказ ва ҷануби он мепайвандад. Вазорати роҳ ва мухобирот гуфтааст, барои такмили нақб, 5 миллион доллар зарур аст ва меъморон ин пулро дар ихтиёр надоранд. Ширкатҳои меъмор бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро сабаби тангдастии худ номида ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ин омилро дар тавқифи идомаи сохтмони нақб ба инобат бигирад. Барои бунёди нақби беш аз 5 километрии "Истиқлол" ҳукумати Эрон бештар аз 30 миллион доллар кӯмак кардааст ва саҳми худи Тоҷикистон тақрибан 8 миллион доллар аст.
XS
SM
MD
LG