Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми ҷаҳонии об ифтитоҳ шуд


Дар шаҳри Истамбули Туркия Форуми ҷаҳонӣ оид ба захоири об ифтитоҳ шуд. Намояндагони беш аз 130 кишвари олам дар ин нишаст мушкили камбуди об ва хатари вуқӯъи низоъҳои минтақаӣ барои обро баррасӣ мекунанд. Қабл аз шурӯъи форум полиси Истамбул бо истифода аз гази ашковар намоиши эътирозии гурӯҳи иборат аз тақрибан 150 нафарро пароканда кард. Онҳо алайҳи баррасии мавзӯъи об дар чунин як нишаст эътироз мекарданд. Дар Форуми ҷаҳонии захоири об раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва суханронӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG