Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабҳои эътирозгарони Покистон иҷро шуд


Мақомоти Покистон талабҳои эътирозгаронро ба инобат гирифта, Ифтихор Чоудрӣ, собиқ раиси Додгоҳи олиро дар мақомаш барқарор карданд.

Ба назар мерасад, ки вазъ дар Покистон дубора ноором мешавад. Чанд рӯз пеш, ҳанӯз то шурӯъи намоишҳои эътирозӣ, мақомоти кишвар садҳо ҷонибдорони мухолифинро боздошт карданд. Дар музофотҳои Синд ва Панҷоб баргузории ҳамоишҳои сиёсӣ мамнӯъ эълон гардид. Бо вуҷуди ин, ҷонибдорони аҳзоби мухолиф ба хиёбонҳо рехтанд ва аз ҳукумат замонати дар мақоми худ барқарор шудани собиқ раиси Додгоҳи олӣ Ифтихор Чоудриро талаб карданд.

Ва имрӯз пулис дар бораи ҳабси хонагии раҳбари мухолифин ва сарвазири пешини кишвар Навоз Шариф низ амр гирифт. Тибқи ин амр, Навоз Шариф бояд тули се рӯзи оянда аз манзил берун нашавад. Гуфта мешавад, тасмим дар бораи боздошти Навоз Шариф ва дигар раҳбарони мухолифин дар шаҳри Лоҳур як рӯз қабл аз он гирифта шуд, ки онҳо бояд раҳпаймоии эътирозӣ сӯи Исломободро сарварӣ намоянд. Қарор аст, аҳзоби мухолифи ҳукумат фардо дар канори бинои парлумони Покистон дар Исломобод намоиши эътирозӣ доир кунанд.

Ва аммо Навоз Шариф амр дар бораи ҳабси хонагиро ғайриқонунӣ хонд ва аз манзилаш берун омада аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки дар намоишҳои густардаи эътирозӣ ширкат кунанд. Сарвазири собиқ изҳор намуд, ки ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз намоиши эътирозии онҳо қодир нест ва намоишгарон рӯзи душанбе дар канори бинои парлумон ҳатман ҷамъ меоянд. Хоҷа Саъд Рафиқӣ, яке аз раҳбарони ҳизби Лигаи Мусалмонҳои Навоз Шариф дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер дар шаҳри Лоҳур гуфт, ки “намоишгарон ҳатман ба ҷойи ҳамоиш мерасанд. Агар онҳоро дар роҳ боздоранд, коргарон ҳама монеъаҳоро шикаста муқовимат хоҳанд кард.

Эътирозгарон хостори додгоҳи аз лиҳози сиёсӣ комилан мустақиланд. Ва талаби аслии онҳо боз ҳам замонати дар мақоми худ барқарор шудани собиқ раиси Додгоҳи олӣ Ифтихор Чоудрист, ки ду сол қабл аз сӯи раисиҷумҳури пешин Парвиз Мушарраф барканор шуда буд. Дар ҳамин ҳол Навоз Шариф раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардориро дар он айбдор кард, ки тасмим дар бораи ҳабси хонагии ӯ маҳз бо ишораи раҳбари давлат гирифта шудааст.

Дар бӯҳронҳои қаблии сиёсӣ дар Покистон артиш қудратро ба даст мегирифт. Ва аммо дар вазъи феълӣ, ба гуфтаи коршиносон, артиш гумон аст ба вазъ дахолат кунанд. Аз сӯи дигар, Вошингтон аз он нигарон аст, ки бӯҳронии сиёсии феълӣ талошҳои ҳукумати Покистон барои мубориза бо ошубгарон дар марз бо Афғонистонро дигар сӯ ҷалб хоҳад кард. Ва талошҳои Исломобод дар роҳи аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ барои пирӯзии Амрико аз болои созмони “ал-Қоида” ва таъмини сулҳ дар Афғонистон басо муҳим арзёбӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG