Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба корвони мошинҳо дар канори Пешовар


Дар шимолу ғарби Покистон корвони мошинҳо бо бору амвол барои нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар ин ҳодиса ду муҳофизи корвон ҷароҳат бардоштанд, 20 мошин ба оташ кашида шуд. Афроди мусаллаҳ сӯи корвони мошинҳо, ки дар канори шаҳри Пешовар барои сипарӣ кардани шаб бозистода буд, норинҷак андохтанд ва сипас онро тирборон карданд. Ҳамлагарон, ки ҳадс зада мешавад мусаллаҳони Толибон буданд, аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.

XS
SM
MD
LG