Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

336 000 доллар барои минрӯбӣ дар Рӯшон


Ҳукумати Жопун барои холӣ кардани майдонҳо дар ноҳияи Рӯшони Тоҷикистон 336 000 доллари ИМА ҷудо намуд.

Ба иттилоъи сафорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе, бурс-қарордод дар дар доираи лоиҳаи «Минрӯбӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ» 13-уми марти соли равон бо хазинаи суисии (швейтсарии) минрӯбӣ (FSD) имзо карда шуд.

Бино ба таъйиди сафорат, иҷрои лоиҳа баҳори соли ҷорӣ дар деҳаи Вазнавди ноҳияи Рӯшон шурӯъ шуда, 9 моҳ идома мекунад.

Дар сафорат тазаккӯур доданд, ки FSD ба ин маблағ рисолат оид минрӯбиро ташкил хоҳад кард ва тарзи дурусти истифодаи техникаи нави сайқалдодашудаи зиддиминиро ба сапёр-минрӯбҳо меомӯзонад. Дар доираи ин лоиҳа инчунин чорабинии баланд бардоштани сатҳи иттилоъоти аҳолӣ оид ба таҳдиди инфиҷори минҳо гузаронида мешавад.

Бар тибқи лоиҳа, дар назар аст, ки масоҳати тақрибан 718 000 метри мураббаъ аз мин холӣ карда шавад.

Минҳои зиддидафарӣ ҳанӯз солҳои 90-и асри гузашта дар замони ҷанги ахири шаҳрвандӣ дар масоҳати тақрибан 20 миллион метри мураббаъи ҳудуди ҷумҳурӣ гузошта шуда буданд ва аз ин миқдор то имрӯз ҳамагӣ 1,5 миллион метри мураббаъ ҳудуди хавфнок аз мин ва дигар маводди тарканда поккорӣ шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон соли 2000-ум Созишнома оид ба манъи истифода, нигаҳдорӣ, истеҳсол, интиқоли минҳои зиддинафар ва нобуд кардани онҳоро (Конвенсияи Оттава) имзо кардааст, ва, бино бар ин санад, бояд замонат диҳад, ки кулли минҳои натаркида дар ҳудудаш дар давоми 10 сол хунсо карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG