Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Хоманай бо Эмомалӣ Раҳмон


Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сайид Алии Хоманаӣ - раҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот пешниҳод кардааст, то барномаи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2009–2015 таҳия шавад. Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тақозо кардааст, то сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда –2 ва нақби “Истиқлол”, ки мутахассисони эронӣ месозанд, суръат бахшида шавад.
XS
SM
MD
LG