Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти интернетии қотили 15 олмонӣ дар мактаб


Навраси олмонӣ, ки дар як тирандозии ваҳшиёнаи бетартиб дар мактаби миёна 15 нафарро кушт, нақшаи худро пеш аз куштор дар шабакаи интернет нашр карда будааст. Вазири умури дохилии аёлати ҷанубу ғарбии Баден-Вютемберг, ки куштор дар ин ҷо ба вуқӯъ пайвастааст, дар нишасти хабарӣ гуфт, вай нақша кашид, донишомӯзони мактаби собиқашро "бирён" кунад, зеро онҳо ӯро ҷиддӣ намегирифтанд. Донишҷӯи собиқи 17-сола 9 донишомӯз, 3 устод ва се раҳгузарро ба қатл расонда, сипас дар рӯёрӯӣ бо полис худро кушт.
XS
SM
MD
LG