Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми нави атрофиёни Саддом Ҳусейн


Раҳбарони ҳукумати пешини Ироқ имрӯз бо ҳукми додгоҳ бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият ба мӯҳлати 15 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Додгоҳ собиқ муовини сарвазир Тариқ Азиз, яке аз хешовандони Саддом Ҳусейн - Ҳасан Ал-Маҷид ё "Алии кимиёӣ" ва боз шаш нафари дигарро дар куштори 40 тоҷири бағдодӣ дар соли 1992 айбдор кард. Ҳасан Ал-Маҷид аз ин пеш се дафъа барои ширкат дар қатли оми курдҳо ба эъдом маҳкум шуда буд.

XS
SM
MD
LG