Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба мактаб дар Олмон ду кушта бар ҷой гузошт


Бар асари тирпаронӣ дар як мактаби шаҳри Виннендени канори Штутгарт, воқеъ дар ҷанубу ғарби Олмон дасти кам ду нафар кушта шуданд. Хабаргузориҳо бо такя ба нашрияи олмонии Bild ва шабакаи телевизионии “24” иттилоъ доданд, ки як мард дар либоси низомӣ ду талабаи мактабро ҳадафи тир қарор додааст. Тибқи дигар хабарҳо, бар асари тирпарронӣ дар мактаб 10 нафар ба ҳалокат расидаанд ва аммо ин иттилоъ ҳанӯз таъйид нашудааст. Кормандони полиси маҳаллӣ ҳалокати ду нафарро дар ин ҳодиса тасдиқ карданд. Ҷустуҷӯи марди ҳамлагар ба мактаб идома дорад.

XS
SM
MD
LG