Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: Бӯҳронро низоми иқтисодӣ эҷод кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои пешрафтаи саноатии оламро дар эҷоди низоми ноодилонаи иқтисодӣ айбдор кард. Маҳз ҳамин низом, ба гуфтаи ӯ, боиси бӯҳрони сартосарии иқтисодӣ шудааст. Имрӯз Аҳмадинажод дар ифтитоҳи нишасти сарони кишварҳои узви ЭКО ё Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ суханронӣ кард. Ба ин созмон Афғонистон, Туркия, Эрон, Покистон, Озарбойҷон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ шомиланд.

Қабл аз нишаст раҳбарони Эрон, Покистон ва Афғонистон музокироти алоҳида анҷом доданд ва тасмим гирифтанд, ки дар масоили рушди тиҷорат ва мубориза бо терроризм муттасил нишастҳо доир намоянд.
XS
SM
MD
LG