Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз Туркия дидан хоҳад кард


Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико, имрӯз хабар дод, ки раисиҷумҳури ИМА Барак Обама тайи ҳамин моҳ ба Туркия сафар хоҳад кард. Рӯзи сафари Обама ба зудӣ эълон хоҳад шуд. Ин иттилоъ дар нишасти хабарии муштараки хонум Клинтон ва вазири хориҷаи Туркия Алӣ Бобоҷон дар Анқара пахш гардид.

Имрӯз Котиби давлатии Амрико ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия, зимни музокирот вазъ дар Ироқу Афғонистон, нақши эҳтимолии Туркия дар ҳалли бӯҳрон миёни Исроилу Фаластин ва имкони эътидоли равобити Туркия ва Арманистонро баррасӣ карданд.

Котиби давлатии ИМА дирӯз дар Женева бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дидору гуфтугӯ дошт. Дар поёни нишаст хабар дода шуд, ки Вошингтон ва Маскав то охири сол шояд созиши нав дар бораи коҳиши силоҳи стратегиро имзо кунанд.

XS
SM
MD
LG