Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон ва Димишқ равобитро аз сар мегиранд


Ду дипломати воломақоми амрикоӣ дар Димишқ бо вазири умури хориҷаи Сурия Валид Ал-Муаллим гуфтушунид карданд. Яке аз дипломатҳо Ҷефрӣ Фелтман ин музокиротро "хело ҳам созанда" арзёбӣ кард. Ин нахустин музокирот дар ин сатҳ дар чаҳор соли ахир аст – баъд аз куштори сарвазири пешини Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ дар Бейрут дар соли 2005 ИМА сафири худро аз Димишқ бозхонд. Гуфта мешавад, ки дар ин куштор хадамоти кашфи Сурия даст доштанд.

Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико имрӯз гуфт, ки ҳанӯз дар мавриди ба Сурия баргардонидани сафири ИМА тасмим гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG