Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҒҲ ба интихобот роҳ меҷӯянд


Чаҳордаҳ созмони ҷамъиятии Тоҷикистон бо ирсоли як нома унвонии раисҷумҳур ва порлумони Тоҷикистон вуруди тағйирот ба 11 банди Қонуни интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистонро тақозо карданд.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси созмони Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, ташкили маркази нозирони миллӣ, лағви гаравпулӣ, таъмини иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди интихобот ҳамчун нозир ва манъи ташкили комиссияҳои интихоботӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар интихобот, муҳимтарин пешниҳодҳои созмонҳои ҷамъиятӣ барои таъмини шаффофият дар интихоботи ояндаи парлумон будаанд. Оқои Маҳмадазимов меафзояд, қонуни феълии интихобот пур аз камбудӣ буда, барои баргузор шудани интихоботи шаффоф мусоидат намекунад ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистонро хостори ворид намудани тағйирот ба қонуни интихоботи парлумон кардааст. Ба қавли вай, афзоиши теъдоди вакилони Маҷлиси намояндагон аз 63 ба 100 нафар аз хостаҳои умдаи созмонҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Зеро, феълан, баъзе навоҳиии Тоҷикистон намояндаи худро дар парлумон пешниҳод карда наметавонанд, ки аз манфиатҳои интихобкунандагони ин ноҳия ҳимоя кунад.

Юсуф Аҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии «Рушд» мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастанд, қонуни феълии интихоботи Маҷлиси олиии Тоҷикистон манфиати ин созмонҳоро нодида мегирад. Вай гуфт, созмонаш пешниҳод кардааст, ки барои фаъол гардидани ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва шаффофияти интихобот, назорати онро ба зиммаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гузоранд, беҳтар аст, зеро онҳо дар интихобот мавқеи бетарафона доранд: на ҷонибдори аҳзоби сиёсии мухолифанд ва на ҳукумат. Оқои Аҳмадов афзуд, созмонаш ҳамчунин ба далели дахолати намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми интихобот хостори манъи ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот аз ҳисоби намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ шудааст. Ба эътиқоди ӯ, таҷриба нишон дода, ки ин комиссияҳо аз мавқеи ҳизби ҳоким ҷонибдорӣ мекунанд

Бахтиёр Насруллоев, масъули созмони ҷамъиятии «Ҳуқуқи шаҳрванд» гуфт, қонуни феълии интихобот бар қонунҳои дигари Тоҷикистон муғойират дорад. Вай ба сурати мисол тақозои гаравпулӣ аз номзади вакили парлумон ва дархояти маълумотномаи тиббӣ дар хусуси аз ҷиҳати равонӣ солим будани номзад ба вакилиро мухолифи қонунҳои дигари Тоҷикистон ва як навъ нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон унвон кард.

Ин пешниҳодҳои созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳолест, ки то кунун қонун иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон пешбинӣ намекард. Қарор аст, порлумони Тоҷикистон то моҳи июли соли равон қонун дар бораи интихоботро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ умедворанд, ки вакилони порлумон ҳадди ақал 70 дарсади пешниҳодҳои онҳоро мепазиранд. Аммо коршиносон баъид медонанд, ки парлумоне ки беш аз 80 дарсади онро намояндагони як ҳизб ташкил медиҳанд, бар хилофи манфиатҳои ҳизбии худ ин пешниҳодотро бипазирад.
XS
SM
MD
LG