Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти дигарбораи қимати саҳом дар Амрикову Осиё


Қимати саҳом рӯзи ҷумъа дар бозорҳои Осиё низ ба шиддат пойин рафт. Рӯзи панҷшанбе қимати саҳом дар Волл Стрит, маркази молии Амрико, ба андозаи барои 12 соли охир бесобиқа коҳиш ёфт ва уфти қиматҳо дар Осиёро ба дунбол овард. Нигарониҳо дар бораи вазъи низоми бонкии Амрико ва эҳтимоли ба варшикастагӣ рӯбарӯ шудани Ҷенерал Моторс, аз бузургтарин ширкатҳои мошинсозии Амрико ва ҷаҳон, як мояи чунин уфти ба шиддати қиматҳо шудааст. Нишондиҳандаҳои бозори молии Амрико 4 дарсад ва бозори Ҷопон 3,5 фоиз пойин рафтаанд.
XS
SM
MD
LG