Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ва Лавров дар Женева вомехӯранд


Як рӯз баъд аз эълони эҳёи комили ҳамкориҳои паймони НАТО бо Русия шоми шашуми март дар Женева котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дидору гуфтугӯ хоҳанд дошт.

Мулоқоти имрӯза дар Женева аввалин гуфтушуниди вазири корҳои хориҷии Русия бо ҳамтои амрикоияш аз замони сари қудрат омадани президенти ИМА Барак Обама дар моҳи январи соли 2009-ум аст. Дар яке аз паёмҳои аввалини худ ба ҳайси раисҷумҳури Амрико Обама гуфта буд, равобити ИМА ва Русия ба бознигарӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳамин буд, ки дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви паймони НАТО дар Брусел хонум Клинтон аз эҳёи комили равобити НАТО бо Русия пуштибонӣ кард.

Вашингтон бар ин назар аст, ки ҳамкории Маскав дар ҳалли масъалаҳои марбут бо адами тавсеаи силоҳ, Афғонистон ва Эрон метавонад самараи хуб орад. Дар баробари имкони тавсеаи ҳамкориҳо котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон ба мавҷудияти ихтилофи назар ҳам ишора кард ва гуфт, сарфи назар аз мухолифатҳои Русия, ИМА ҷонибдори вуруди Украинаву Гурҷистон дар НАТО мебошад.

Вашингтон аз омодагии Русия ба ҳамкорӣ дар эҳёи назму суботи Афғонистон хушҳол аст. Маскав иҷозат додааст, ки маводи зарурӣ барои сарбозони НАТО ҳамчун алтернатива ба Покистон тариқи қаламрави Русия ба Афғонистон интиқол ёбад. Вашингтон умед дорад, ки Русия дар ҳалли бунбасти миёни Эрону мамолики ғарбӣ рӯи барномаи ҳаставии Теҳрон кумак хоҳад кард.

Билохира, дар мулоқоти Женева шояд барномаи бунёди сипари зидди мушакии ИМА дар Ҷумҳурии Чех баҳс шавад. Русия аз он хушҳол нест, ки эҳтимол дар марзҳои ғарбиаш сипари амрикоӣ бунёд мешавад. Ахиран, баъзе расонаҳо ба он ишора карда буданд, ки агар Маскав дар масъалаи Эрон ҳамкорӣ намояд, шояд Вашингтон бунёди сипари зидди мушакиро, ки ҳадаф аз он мудофиаи кишварҳои ғарбӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии Эрон мебошад, ба таъхир гузорад.
XS
SM
MD
LG