Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи ҷанубӣ ҳавопаймоҳояшро берун меорад


Кореяи ҷанубӣ ба берун бурдани ҳавопаймоҳояш аз ҳарими ҳавоии таҳти назорати Кореяи шимолӣ шурӯъ кард. Пхенян ахиран гуфт, амнияти ҳавопаймоҳои тиҷоратии Кореяи ҷанубиро замонат дода наметавонад. Сеул имрӯз ин таҳдидро ғайри қобили тавҷеҳ ва ғайриинсонӣ номид ва аз Пхенян талаб кард, аз он даст бардорад. Кореяи шимолӣ ҳушдори рӯзи панҷшанбеашро ба машқҳои муштараки низомии Амрикову Кореяи ҷанубӣ рабт дод ва он ду кишварро дар қасди таҳрики ҷанг айбдор кард. Бино ба хабарҳо, Korean Air and Asiana, ду ширкати бузурги ҳавопаймоии Кореяи ҷанубӣ, ҳавопаймоҳои худро аз ҳарими ҳавоии Кореяи шимолӣ берун бурдаанд.
XS
SM
MD
LG