Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 март дар Тоҷикистон Рӯзи модар эълон шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон 8 мартро Рӯзи модар эълон кард. 8 март аз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи байналмилалии озодии занон таҷлил мешуд, вале Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиаш он идро ҷашни маснӯъие номид, ки ба гуфтаи ӯ, “ ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад.” Оқои Раҳмон гуфтааст, рӯзи байналмилалии занон собиқаи ҳамагӣ садсола дорад, дар ҳоле ки дар тамаддуни ориёӣ ҳанӯз 3000 сол қабл ба хотири ба ҷо овардани эҳтироми занону модарон ҷашни хосае доштаанд.
XS
SM
MD
LG