Ҳамкории шашсолаи паймон ва Маскав дар чаҳорчуби Шӯрои Русия-НАТО августи соли 2008 ногаҳон мавқуф шуд. Вазирони корҳои хориҷии паймон эълон карданд, ки бо сабаби ҷанги Русия бо Гурҷистон НАТО наметавонад мисли пештара ҳамкориашро бо Маскав идома диҳад.
Дабири кулли НАТО Яаап де Хуп Схеффер ҳангоме, ки дар бораи тасмими азсаргирии робитаҳо иброз дошт, норозигии шадид бо амалкарди Русия дар Гурҷистонро изҳор намуд ва аммо гуфт, ки он кишвар барои НАТО бисёр муҳим аст ва намешавад аз он сарфи назар кард.
Вазири корҳои хориҷаи ИМА Ҳилларӣ Клинтон, ки бори нахустин ба ҳайси дипломати аршади кишвараш дар ҳамоиши НАТО Амрикоро намояндагӣ мекард, гуфт, замоне расидааст, то ки паймон равобиташро бо Русия беҳбуд бахшад.
Вазири корҳои хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер гуфт, эҳтимол аст, ки фаъолияти Шӯрои НАТО-Русия ба зудӣ баъд аз ҳамоиши паймон бахшида ба таҷлили 60-умин солгарди таъсиси НАТО дар таърихи 3-юм ва 4-уми апрел идома ёбад.
Барои гирифтани ин тасмим ба вижа ҳайати амрикоӣ зери сарварии хонум Клинтон пофишорӣ мекард. Аммо на ҳама аъзои НАТО алоқаманди он буданд ва махсусан кишварҳои Аврупои шарқӣ. Онҳо Маскавро ба ҳайси як таҳдид дар минтақаи собиқ Шӯравӣ меҳисобанд. Дар сархати мунаққидон вазири корҳои хориҷии Литва Вигаудас Усакас буд ва танҳо ин кишвар расман мухолифи пешниҳод овоз дод.
Аммо ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико дар умури Аврупо Даниел Фрайд ин нигарониҳоро беасос хонда гуфт, ки ИМА ба равобиташ бо Русия дар муқоиса бо кишварҳои хурди минтақа бартарӣ намедиҳад.
Зимни нишаст Клинтон аз паймон даъват намуд, ки барои аъзогии Украина ва Гурҷистон дарҳоро боз бимонад. Ин дар ҳолест, ки Русия пайваста шадидан мухолифи узвияти ин ду собиқ кишвари собиқ Шӯравӣ дар НАТО мебошад.
Ба ақидаи таҳлилгарон, исрори Вошингтон ба беҳбуди муносибот бо Маскав инъикоси эҳсоси афзоишёбандаи Кохи сафед мебошад, ки ҳамкории наздиктар бо Русия ба Амрико имкон хоҳад дод, ба ҳадафҳои аслии сиёсати берунааш бирасад.
Ҳамин тавр ҳамкорӣ бо Маскав ҳамчун калиди ҳалли мушкили барномаи ҳастаии Эрон ва ҷанг дар Афғонистон арзёбӣ мешавад.
Клинтон дирӯз бори дигар ба Маскав пешниҳоди ҳамкорӣ дар бахши истиқрори сипари зидди мушакиро такрор кард ва аммо таъкид дошт, ки Амрико сарсупурдаи дифои худ ва ҳампаймононаш аз режимҳо ва шабакаҳои террористӣ, ки аз таҳдидҳои аслии асри 21 маҳсуб мешаванд, боқӣ мемонад.

Рафик рахмонов бас будагист.тули 28 сол дар кишвар хеч чои горатнашуда намонд.хама сохторхои давлати аз рахмонов норозианд. Онхо низ мунтазири халк хастанд. Насиб бошад хамин сол халки чабрдидаи точик дигаргунихоро мебинад
Агар ин занон пулу маблаг надоранд,чи гуна рохи бизнесро ёд гиранд?Пул медоштанд,бе омузиши биснес хам рохи бизнесро меёфтанд.
Ҳами машқ куно кушоду возеъ нишон додестиян ки ҳе халқ шумо кай ҳуқуқи худро талаб мекунен нашид худшон бромадиян майдон озодона нишон додестиян ки ёд гирен
Аз хама Военкомати Порахурхо дар чумхури. Н А Чоми мебошад. Як пропоршик. Бо тайота мегарда бокимондахош. Киа спартак. Мерсадес бенс. Сечка медонед даромадхои ин аз кучо. 10 нафар корша дар як сезон буд мекардан. Аз 7 хазор то 10 хазор сомон мегирфтан. Дар як сезон як коргари оди военкомат Аз. 70 то 100 хазор сомон кор мекардан. Райони бесохибхо факат корхояшон Аблавкуни ба кучо халк намедона даъво кунад
Рахмонуф пир шид бигзор бмона халк тинч зиндаги кна.хамачия манаполия кадай оилашкати.уже безор шидем ай рахмонуф.рахмонуф пенса брав илтимос