Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: Дар боғи вазири дохила ҷасад пайдо кардаанд


Баъзе сарчашмаҳо дар Кобул ба бахши "Афғонистони Озод-"и радиои Озодӣ хабар додаанд, ки рӯзи сешанбе коргарони сохтмон дар боғи вазири дохилаи Афғонистон ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ чанд ҷасади инсон пайдо кардаанд. Замарай Башарӣ-сухангӯи ин вазорат гуфтааст, ҳанӯз зуд аст, то эълон шавад, ки он гӯри дастаҷамъист, зеро вай дар ин маҳал танҳо як ҷасадро дидааст. Ба гуфтаи вай, ҷустуҷӯи мафҳал барои пайдо кардани ҷасадҳои бештар идома дорад. Соли гузашта ҷасади Муҳаммад Довудхон-нахустин раиси ҷумҳури Афғонистон аз як гӯри дастаҷамъӣ пайдо шуд.

XS
SM
MD
LG