Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбакистон: Фаъолони ҳуқуқи башар боздошт шуданд


Чанд нафар аз фаъолони ҳуқуқи башари Ӯзбакистон баъд аз эътироз бар зидди рафтори дағалонаи пулис боздошт шудаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар аз мақомот хостаанд, ононеро, ки раҳпаймоии рӯзи 27-ӯми февралро хашинона пароканда карданд, бояд ба муҷозот кашонанд. Дар миёни фаъолоне, ки боздошт шудаанд, Елена Урлаева низ ҳаст, ки соли 2001-2002 вайро иҷборан ба шифохонаи бемориҳои равонӣ фиристода буданд. Фаъолони ҳуқуқи башар 27-ӯми феврал озодии зиндониёни сиёсиро тақозо карда буданд.

XS
SM
MD
LG