Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Покистон ҳамлаварон ба варзишгаронро меҷӯяд


Полиси Покистон дар ҷустуҷӯи мардони мусаллаҳест, ки варзишгарони дастаи крикети Шри Ланкаро ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Наздик ба 12 мусаллаҳ аз як камингоҳ ба қатори мошинҳое, ки варзишгаронро ба варзишгоҳи Лоҳур мебурданд, ҳамла карда, ба камияш шаш полиси Покистон ва як ронандаро куштанд ва ҳафт вазишгари Шри Ланкаро захмӣ карданд. Захми онҳо хатарнок шумурда намешавад. Ҳамлаварон фирор кардаанд ва то ҳанӯз касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Мақомоти покистонӣ ин ҳамларо маҳкум карданд. Ин бадтарин ҳамла ба варзишгарон пас аз ҳалокати 11 варзишгари исроилӣ аз дасти мусаллаҳони фаластинӣ дар Бозиҳои Олимпии Мюнхен дар соли 1972 шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG