Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба варзишгарони Шри-Ланка дар Лоҳур


Дар шарқи Покистон гурӯҳи варзишгарон аз кишвари Шри-Ланка мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд. Бар асари тирпаронӣ панҷ корманди полис, ки ба ҳимояти варзишгарони хориҷӣ бархостанд, кушта шуданд. Ҳашт узви дастаи крикети Шри-Ланка ҷароҳат бардоштанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, варзишгарон дар наздикиҳои варзишгоҳи шаҳри Лоҳур тирборон шуданд.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамла аз сӯи киҳо ваё кадом гурӯҳ сурат гирифтааст.
Мавзӯъи амнияти варзишгарон солҳо боз дар Покистон аз мавзӯъҳои доғ боқӣ мемонад ва аз ин рӯ, бисёр дастаҳо аз сафар ба ин кишвар худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG