Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармоиш ва обшавии яхистонҳо. Ояндаи Замин


Созмони Милал бо натиҷагирӣ аз Соли байнулмилалии қутбӣ, ки аз соли 2007 то соли 2008 эълом шуда буд, аломатҳои нави гармоиши курраи Заминро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Тайи ин ду сол олимони даҳҳо кишвари дунё ҳамроҳ кор карданд, то таъсири тағйири иқлимро дар манотиқи сардтарини ҷаҳон ошкор кунанд. Дар иртибот бо ин мавзӯъ Эдуард Саруханян, намояндаи Созмони байнулмилалии ҳавошиносӣ ва яке аз дастандаркорони эъломи Соли байнулмилалии қутбӣ бо маҷаллаи «Илм ва Фанноварӣ» ҳамсӯҳбат шуд:

“Албатта, гармоиши курраи Замин идома дорад ва таъсири он бахусус дар Арктика мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, яхистони Гренландия об шуда, ва оби он ба уқёнус мерезад. Ин нахустин аломати таъсири гармоиши курраи Замин ба Арктика аст, ки ба таври возеҳ мушоҳида мешавад. Дуввумин аломати рӯшани таъсири гармоиши курраи Замин дар моҳи сентябри соли 2007 дар Гренландия мушоҳида шуд, ки дар ин ҷо ҳаҷми яхҳои рӯи об 1 миллион километри мураббаъ кам шуд, ки ин масоҳатест, беҳад васеъ. Мо обшавии яхҳоро ба ин ҳад ҳеҷ гоҳ мушоҳида накарда будем. Аз ин рӯз тахмин мешавад, ки дар фасли тобистон яхҳои қутбӣ комилан нопадид мешаванд. Ҳарчанд мо дар соли 2008 яхбандии обҳоро мушоҳида кардем, аммо доманаҳои яхистон то ба ҳадди пешини худ нарасид. Аломати саввуми таъсири гармоиши курраи Замин ин аст, ки яхбандони доимӣ об мешавад ва ин бисёр бад аст, зеро аз ин гуна манотиқ лӯлаҳои газу нафт мегузаранд. Яхбандони доимӣ масоҳати бисёр зиёдеро ишғол мекунад, чун танҳо як метри қабати замин хок аст ва вақте хоки яхбаста об мешавад, ба вайронии шабакаҳои мухобиротӣ ва биноҳо меорад. Ва қабати хоки яхбаста то ба ноҳияҳои соҳилии Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ доман паҳн мекунад. “

Ҳарорат дар Қутби Шимол чанд дараҷа боло рафтааст?

«Ҳарорат дар Қутби Шимол боло меравад ва ин воқеъият аст. Ба ҳадди миёна ҳарорат дар курраи Замин 0,6 дараҷа боло рафтааст ва дар минтақаҳои мухталифи Арктика ҳарорат ба таври гунонун боло рафтааст, вале ба ҳадди миёна ҳарорат дар ин минтақа 1 дараҷа боло рафтааст. Дар Антарктика ҳарорат ба ин ҳад боло нарафтааст ва дар ин ҷо ҳаво як дараҷа гармтар шудааст ва ин болоравии ҳарорат дар нимҷазираи Антарктида ба назар мерасад. Дар маҷмӯъ, дар тамоми Антарктика мо ин гуна таъсирро мушоҳида намекунем, вале дар ҷаласаи ахири мо гуфта шуд, ки на танҳо ҳаво, балки оби Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ гармтар мешавад. Ва оби нисбатан гармтар ба соҳилҳои Антарктида мерасад, ки ба мавҷудоти зинда ва дигар бахшҳои он таъсири манфӣ мегузорад.»

Воқеан, ҳушдор зиёд буд, ки обшавии босуръати яхҳо метавонад, сатҳи оби уқёнусро боло бурда ва фалокатҳои азимеро ба сари кишварҳои наздисоҳилӣ биёрад. Рақамҳои наве доир ба болоравии сатҳи оби уқёнус ба даст омадааст?

«Ин як суоли бисёр аҷиб аст. Як чизро бояд дуруст фаҳмид, ки мо ҳоло шоҳиди обшавии яхбандонҳои болои об ҳастем. Вақте ин яхбандон об мешавад, сатҳи уқёнус баланд намеравад, чаро ки онҳо дар дохили уқёнус ҳастанд ва дар сурати об шудан ҳаҷми оби уқёнусро афзоиш намедиҳанд. Аммо вақте яхистонҳои материкҳо, аз ҷумла яхистони Гренландия ва Антарктика об мешавад, дар ин ҳолат дарвоқеъ оби уқёнуси ҷаҳонӣ болотар меравад. Мо ҳоло шоҳиди солона 3 миллиметр боло рафтани сатҳи оби уқёнуси ҷаҳонӣ ҳастем. Албатта ин ҳаҷми хурдест, вале гап сари он аст, ки ин падида идома дорад. Ҳоло ҳамин як масъала ва вазифаи муҳим аст, ки бояд муайян шавад, ки обшавии яхистонҳои материкҳо сатҳи оби уқёнуси ҷаҳониро то чӣ ҳад боло мебарад. Ҳоло донишмандон сари ҳамин масъала фаъолона кор мекунанд ва дар Соли байнулмилалии қутбӣ натиҷаҳои аҷибе ба даст овардаанд.»

Аммо шумо ба он сиёсатмадороне, ки мегӯянд, гармоиши курраи Замин чизи бофта аст ва нишонаҳои онро мо намебинем, чӣ мегӯед?

«Медонед, ҳоло дигар ин воқеъияти возеҳ аст. Ман ҳам муддати тӯлонӣ ба ин падида шубҳа доштам ва навиштаҳое дорем дар ин бора. Чаро ки мо нишонаҳои рӯшани онро намедидем. Аммо ҳоло аломатҳои рӯшани гармоиши курраи Заминро мушоҳида мекунем. Аммо суоли аслӣ ин аст, ки чӣ сабаби болоравии ҳарорат мешавад, рафтори худи табиат аст ва ё таъсири фаъолияти инсон. Дар ин масъала ҷаҳони илмӣ ба ду қисм ҷудо мешавад. Як бахш мегӯяд, ки тағйири иқлим дар зарфи 50 соли ахир асари фаъолияти инсонҳост, яъне ихроҷи гази карбон, ки сабаби гармоиши курраи Замин мешавад. Бахши дигари олимон, ки ман ҳам дар радифи онҳо мебошам, ин воқеъиятро мепазиранд, ки воқеан партоби газҳои гулхонаӣ дар болоравии ҳарорат дар курраи Замин таъсир дорад, аммо таъсири аслӣ худи табиат аст. Замин борҳо шоҳиди тағйири даврии иқлим шудааст, шоҳиди давраҳои гарм ва давраҳои яхбандон ҳам. Ва агар гӯем, ки болоравии ҳарорат танҳо натиҷаи зиндагиву кори инсонҳост, ман ба ин гуфта розӣ шуда наметавонам.»

Воқеан, яке аз пажӯҳишҳои Соли байнулмилалии қутбӣ аҳамияти пажӯҳишҳо дар Антарктика, барои таҳқиқи мавҷудоти зинда дар сайёраи Миррих вобаста аст. Таъсири ин дуро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

«Дар ин ҷо сухан аз он меравад, ки пажӯҳишҳо дар Антарктика барои таҳқиқи Миррих аз он ҷиҳат муфид аст, ки аз назари шароити табиӣ, манзара аз назари иқлим ба Миррих монанд аст, масалан ҳавои ҳарду аз 50 то 70 дараҷа сар аст. Яъне, шароити Антарктика ба Миррих бисёр наздик аст. Аз ин рӯ ҳоло донишмандон Антарктикаро як пойгоҳ барои таҳқиқи Миррих медонанд. Дар он ҷо махсус гурӯҳи олимон кор мекунанд ки дар шароити наздик ба Миррих барои таҳқиқи ояндаи ин сайёра таҷриба меомӯзанд. Аз ин хотир, мо ин тарҳро ҳам ворид кардем.»
XS
SM
MD
LG