Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Чин ёдгориҳои антиқии онро наҷот дод


Дар шаҳри Пекин дар мулоқот бо рӯзноманигорон як шаҳрванди Чин иброз дошт, ки ӯ шахси пирӯз дар музоядаи ду муҷассамаи биринҷӣ дар фурӯшгоҳи Кристӣ мебошад, вале харидашро амалӣ нахоҳад кард.

Чай Мингчао гуфт, ҳадаф аз пешниҳоди қалбакии ӯ ҷилавгирӣ аз фурӯши ду олиҳаи биринҷӣ будааст, ки ҳукумати Чин онро сарвати мардумӣ унвон медиҳад. Ҳамкорамон Искандари Хоҷаимрзода мегӯяд, ин бори аввал нест, ки Чин барои бозгардони ёдгориҳои таърихиаш аз ҳар роҳу восита истифода мебарад.

Ҳафтаи гузашта Чай Мингчао тариқи телефон ба музояда дар фурӯшгоҳи Кристии пойтахти Фаронса ҳамроҳ шуда, таъкид кард, ки ҳозир аст барои муҷассамаҳои биринҷии калламуш ва харгӯш 36 миллион доллар пардохт намояд. Ду муҷҷасамаро ҳамчун бахше аз маҷмӯаи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии тарроҳи шинохта Ив Сен Лоран ба музояда бароварда буданд.
Чао дар шаҳри Пекин ба рӯзноманигорон гуфт, ӯ масъулияти шаҳрвандии худро иҷро кардааст ва дар ҷои ӯ ҳар фарди чинӣ ҳамин корро хоҳад кард.

Дар арафаи музояда ҳукумати Чин исрор меварзид, ки муҷассамаҳои қадимӣ аз Чин рабуда шудаанд ва аз ин рӯ, бояд ба Чин баргардонида шаванд.

Дар ҳар сурат рӯзи душанбе ҳукумати Чин изҳор намуд, ки дар бораи музоядаи қалбакӣ ҳеҷ иттилое надорад.
Шореҳи хабаргузории Ассошиэйтед пресс бо ишора ба ин баҳс мегӯяд, ҳукумати Чин мехоҳад ёдгориҳои таърихии садҳо сол пеш аз ин кишвар рабудашударо ба ватанашон баргардонад. Дар гузашта вақте ҳукумат дар ҷилавгирӣ аз фурӯши ёдгориҳо муваффақ намешуд, бо ташвиқи Пекин шаҳрвандони сармоядори Чин ва ё ширкатҳои зери нуфузи ҳукумати Чин ин гуна осори фарҳангиву таърихиро харидорӣ мекарданд.

Вақте дар поёни амалиёти низомии маъруф бо номи ҷанги маводи мухаддир дар соли 1860 нерӯҳои Британия ва Фаронса қасри тобистонаи императорон, воқеъ дар канори шаҳри Пекинро тарк карданд, сарбозони аврупоӣ тамоми сарватҳои фарҳангии дохили қасрро бо худ бурданд.

Аслан муҷассамаҳои биринҷии калламушу харгӯш соли 1644-ум баъди пирӯзии сулолаи Квинг бар қабилаи Манчу дар фаввораи қасри императорӣ насб шуда буданд.

Фурӯшгоҳи Кристӣ изҳороте пахш кардаву гуфтааст, ки дар бораи амали Чао шарҳе ва ё тафсире нашр нахоҳад кард, вале иқдоме дар ин маврид андешида хоҳад шуд.

Ҳафтаи гузашта дар давоми се рӯз фурӯши маҷмӯаи фарҳангии Ив Сен Лоран ба соҳибони он 373 миллион евро даромад овард, ки ин бузургтарин қимат барои Як маҷмӯаи хусусӣ мебошад.

Дӯсти Ив Сен Лоран Пиер Берже, ки яке аз соҳибони ин маҷмӯа ба шумор меравад, гуфта буд, ки агар Чин эҳтироми ҳуқуқи башарро ба ҷо орад, шояд муҷассамаҳоро ба ин кишвар интиқол диҳанд, вале мақомоти Пекин ин пешниҳодро масхара номиданд.
XS
SM
MD
LG