Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиҷоб дар мактабҳои Қирғизистон манъ шуд


Вазорати маорифи Қирғизистон мегӯяд, бо ҳиҷоб ба мактаб ҳозир шудани духтарон хилофи низомест, ки вазорат барои мактабҳои таълимоти ҳамагонии ин кишвар муқаррар кардааст.

Дамира Худойберганова, сардори раёсати ин вазорат, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки ягон амри вижа содир нашудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои духтаронро сарфи назар намояд. Ба гуфтаи хонум Худойберганова, Қирғизистон давлати денявист ва ба ин далел аз шогирдони мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ тақозо шудааст, ки ба дарс бо либоси мактабӣ ҳозир шаванд.

Вай афзуд, пӯшида нест, ки дар Қирғизистон мадрасаҳои динӣ низ фаъолият мекунанд ва ӯ итминон медиҳад, ки касе ба мадрасаҳо бо либоси ғайримуқаррарӣ ҳозир нахоҳад шуд, ки низоми ин мадрасаҳо барои шогирдонаш муқаррар кардааст. Сардори раёсати вазорати маорифи Қирғизистон ҳамчунин ибрози ташвиш кард, ки дар ҳамин ҳол мавзуи бо ҳиҷоб ба мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ҳозир шудани духтарон ба як масъалаи хеле ҷиддӣ табдил ёфтааст. Дамира Худойберганова мӯътақид аст, ки аз матраҳ кардани масъалаи ҳиҷоб дар мактабҳои таълимоти ҳамагонии Қирғизистон намояндагони баъзе гурӯҳҳои сиёсӣ манфиатдоранд.

Як ҳамсӯҳбати мо, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки ҳиҷоб духтаронро аз анҷоми корҳои ношоям эмин медорад. Вай афзуд, зеро дар шаҳри Бишкек борҳо дидааст, ки духтарони синни мактабӣ сигор мекашанд ва майлашон ба нӯшокиҳои спиртӣ хеле зиёд аст.

Ҷамол Фронтбекқизӣ, раиси Иттиҳодияи занҳои мусалмони Қирғизистон, гуфт, ки се сол ба ин сӯ тибқи амри мақомоти вазорати маорифи кишвараш занону духтарони ҳиҷобпӯш ба донишгоҳҳо ва мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ роҳ дода намешаванд. Ба гуфтаи Ҷамол Фронтбекқизӣ, ин дар ҳолест, ки бо ҳиҷоб ба дарс ҳозир шудани духтарон ба Қонуни асосии Қирғизистон хилоф нест.

Коршиносони масоили дин мегӯянд, дар ин авохир афзоиши гурӯҳҳои тундрави динӣ, аз ҷумлаи «Ҳизби таҳрир» ва гурӯҳи «Таблиғ» дар ҷануби Қирғизистон, нигарониҳои мақомоти кишварро ба бор овардаанд, ки бепояву асос нест. Гуфта мешавад, пайравони ин созмонҳои динӣ ошкоро дар миёни мардуми минтақаи ҷануби Қирғизистон таблиғот мебаранд ва талош ба харҷ медиҳанд, ки сафи худро аз ҳисоби сокинони вилятҳои Ӯш ва Ҷалолободу Ботканд биафзоянд.

Нашрияи электронии «Фергана.ру» навиштааст, ки чаршанбеи гузашта Турсунбек Ахун, раиси Омбдусмени назди ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон, зимни як мизи гирд иқдоми вазорати маорифи кишварашро перомуни манъи ҳиҷоб дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ нақзи ҳуқуқи духтарон ва озодиҳои виҷдон арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG