Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Арманистон суқути давлатро пешгӯӣ карданд


Наздик ба 10 000 нафар аз тарафдорони мухолифини Арманистон бо баргузории раҳпаймоиҳо аз тазоҳуроти хушунатомези якуми марти соли гузашта ёд карданд. Таҳти ин садоҳо раҳбари мухолифон Левон Тер-Петросян аз минбари тазоҳурот дар Ереван, пойтахти Арманистон, мақомоти давлатро айбдор кард, ки барои барқарории мардумсолорӣ дар кишвар коре намекунанд. Вай гуфт, кишвар ба давраҳои сахте ворид мешавад.Тер-Петросян гуфт, Арманистон на танҳо бо мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯст, балки гирифтори як бӯҳрони башарист ва мавҷдуияташ зери суол рафтааст. Раҳбари мухолифони Арманистон ин эҳтимолро рад накард, ки дар оянда ҳукумат ба истеъфо маҷбур хоҳад гашт ва таъсиси ҳукумати наҷоти миллиро хостор хоҳад шуд. Дар тазоҳуроти як сол пеш, ки ба нишони эътироз ба натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон доир шуда, ба даргирӣ бо нирӯҳои пулис печида буд, 10 нафар, аз ҷумла ду афсари пулис кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG