Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои интихоботи Русия имрӯз эълон мешаванд


Имрӯз қарор аст, натиҷаҳои интихоботи маҳаллӣ дар 3000 ҳавзаи интихоботии Русия маълум шаванд. Овоздиҳӣ, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, нахустин озмоиши ҳизби "Русияи воҳид"-и сарвазир Владимир Путин аз оғози бӯҳрони иқтисодӣ хоҳад буд. Ба хабарҳои матбуот натиҷаҳо дар минтақаи Владимир 200 километрии шарқи Маскав ва минтақаи Ненетс дар шимол паст хоҳанд буд. Ҳафтаи гузашта Путин иқрор кард, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия аз интизороти аввал дида дарозтар идома хоҳад кард ва давраи мушкиле дар Русия фаро хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG