Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 000 евро - барои зодрӯзи Мугабе


Раисиҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабе дар шабнишиние, ки ба хотири таҷлил аз 85-солагии ӯ барпо шуд, хостори идомаи сиёсати мусодираи молу мулк ва замини фермерҳои сафедпӯст шуд. Мугабе зимнан ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ба раҳбарии намояндаи мухолифин Морган Тсвангираиро як амри муваққат номид. Мугабе як ҳафта пеш ба синни 85 расид, вале ҳизби ҳокими ЗАНУ – ПФ таҷлили ҷашни зодрӯзи раҳбарашро ба иллати мушкилоти молӣ ба таъхир гузошт. Ҳизби ҳоким 200 000 евро наёфт, ки зодрӯзи Мугаберо таҷлил кунад. Ин дар ҳолест, ки Змбабве фақиртарин кишвари дунё шинохта шуда, мизони моҳонаи таваррумаш инак чанд сол боз, беш аз 2600 дарсад баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG