Пайвандҳои дастрасӣ

Кушташавии ду корманди Агентӣ дар Шӯрообод


Бар асари як даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 2 афсари Агентии мубориза алайҳи маводди мухаддир кушта шуданд.

Ин ҳодиса шаби 27-ум ба 28-уми феврал рух додааст ва бино бар иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа, 3 марзбони дигари тоҷик дар ин ҳарб захмӣ шуданд.

Задухӯрд бо гурӯҳи қочоқбарони афғон, ки теъдоди онҳо то 30 нафар тахмин зада мешавад, дар ноҳияи Шӯрообод, дар минтақаи Сариғори мавзеӣи Даштиҷум рух додааст.

Ҳамла ба марзбонони тоҷик ногаҳонӣ будааст ва ягон нафар аз ҳамлагарони қочоқбар боздошт нашудаанд. Дар мавриди талафот аз ҷониби ҳамлагарон маълумоти саҳеҳ нест. Аз маҳалли даргирӣ миқдори зиёди мухаддирот ва аслиҳа кашф шудааст.

Сокинони маҳаллӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа Мӯъмин Аҳмадӣ гуфтаанд, эҳтимолан ин ҳамлаи интиқомҷӯёна будааст, чун чанде қабл марзбонони тоҷик аз як вуруди ғайриқонунии қочоқбарон аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда буданд ва дар он задухӯрд шаш қочоқбар кушта шуда буд.

Аз Душанбе як ҳайъат ба маҳалли ҳодиса рафтааст ва феълан бо тафтиш машғул аст.

Аз аввали соли ҷорӣ ин бори севум аст, ки дар минтақаи мазкури марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чунин даргириҳои мусаллаҳона бо қочоқгарон воқеъ мегарданд. Дар ду даргирии аввал маҷмӯъан 9 қочоқбари афғон кушта шуданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG