Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гурӯҳи ҷиноии вижа


Дар Тоҷикистон аз як гурӯҳи ҷароими созмонёфта аз кормандони ОМОН ва нерӯҳои марзбонии кишвар ҷилавгирӣ шуд.

Равшан Ҳомидов, муовини фармондеҳи ОМОН, Тоҳир Раҳимов, фармондеҳи қисми посдорони ОМОН ва Хуршед Исломови бекор ба иттиҳоми муртакиб ба ҷиноёти сангин дастгир шуданд. Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикикистон, раҳбарии ин гурӯҳи ҷиноиро Таваккалхӯҷа Низомов, корманди идораи марказии нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти милии Тоҷикикистон, бар уҳда доштааст, ки дар ҳоли ҳозир фирор кардааст ва мавриди таъҷиб қарор дорад.

Дар вазорат ҳамчунин гуфтанд, ки ахиран ин гурӯҳи ҷиноӣ бо истифода аз ниқобҳои махсус ва силоҳи оташфишон ба казинои «Помир», воқеъ дар деҳаи Оққурғони ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамла карда, сандуқи казиноро бо 40 000 доллари амрикоӣ ва дороии муштариёни ҳозирбудаи онро ба яғмо бурданд.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, феълан аъмоли аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ дар дасти баррасист. Бино бар хабарҳои интишоршуда, фармондеҳи ОМОН-и Тоҷикикистон аз мақомаш барканор шудааст.

Ба ҷиноят даст задани кормандони интизомӣ ва амниятӣ бесобиқа нест. Дар ин авохир чанд тан аз кормандони интизомӣ ва амниятии кишвар барои ришвахорӣ ва дигар аъмоли муғойир ба қонун муҷозот шудаанд. Вале ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона ба қасди ғорат аз сӯи кормандони пулиси вижа ё ОМОН ва нерӯҳои марзбонӣ дар чанд соли ахир ба назар нарасидааст.

Дар ҳоле, ки дар ин авохир ҳодисаҳои дуздӣ афзоиш ёфтааст, ахиран як корманди нуқтаи саррофӣ дар Душанбешаҳр бо зарби гулӯлаи ҳамлакунандагони ниқобпӯш кушта шуд ва аз саррофии ӯ пули зиёде аз тарафи ҷиноятпешагон ба яғмо бурда шуд. Ва чанде пеш дороиҳои бонки «Эсхата» дар вилояти Хатлон аз сӯи чунин як гурӯҳ ба тороҷ рафт. Гуфта мешавад, дастдоштагон дар ин ҷиноёт то ҳанӯз шиносоӣ нашудаанд.

Ба бовари Абдулғанӣ Мамадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ, ҳодисаи даст ба ҷиноёт задани кормандони пулиси вижа ва амниятӣ ангезаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад, аз ҷумла кам будани маоши коргарон ва заифии мақомоти давлат. Аммо коршинос Султони Ҳамад гуфт, далели аслии ин ҳолат ба ниҳодҳои қудратӣ интихоб шудани кадрҳои насанҷида ва тасодуфист. Ҳоло сиёсати кадрӣ ба мисли пеш нест ва бар асоси саҳлангорӣ ашхоси тасодуфӣ барои кор ба ин ниҳодҳо роҳ меёбанд.

Тавзеҳ аз радиои Озодӣ: Дар сӯҳбате, ки хабарнигори мо бо рӯзноманигор ва коршиноси мустақил Султони Ҳамад дошт, баъзе иштибоҳоти фаннӣ рух додааст. Ба ҷои калимаи «қудратӣ», ки оқои Султони Ҳамад гуфтааст, калимаи «амниятӣ» нашр шудааст. Ҳамчунин назари як коршиноси дигар дар мавриди таъсири бозгашти муҳоҷирони корӣ ба вазъи ҷиноятӣ дар Тоҷикистон ҳамчун назари Султони Ҳамад ироа шудааст. Барои ин иштибоҳот аз оғои Султони Ҳамад ва аз хонандаҳои сомонаи Озодӣ узр мехоҳем.
XS
SM
MD
LG