Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарздиҳандагон ба Олег Дерипаска мӯҳлат доданд


Гурӯҳ ё ширкати сохтмонии Страбаги Австрия мегӯяд, қарздиҳндагони Олег Дерипаска-миллиардери Русия ба вай то 3-юми апрел вақт додаанд, ки қарзҳои онҳоро баргардонад, қарзҳоеро, ки барои харидории саҳмияи ин ширкат гирифта буд. Дерипаска соли 2007 25 дарсади саҳмияи Страбагро дархост карда буд ва бояд тирамоҳи гузашта қарзи худро пардохт мекард. Имрӯз бояд бахши навбатии қарз пардохт мешуд. Аммо тибқи гузоришҳо, бӯҳрони сартосарии молӣ ба даромади Дерипаска зарба задааст.

XS
SM
MD
LG