Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хуруҷи нируҳо аз Ироқро эълон мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҷадвали замонии хуруҷи нируҳои Амрико аз Ироқро эълон кунад. Вай ҳамунин дар ҷараёни дидораш бо нируҳои сипоҳи дарёии Амрико дар аёлати Каролинаи Шимолӣ стротегияи навро эълон мекунад. Дар гузоришҳо аз қавли мақомоти расмӣ омадааст, Барак Обама ҷадвалеро эълон хоҳад кард, ки тибқи он аксари 142 000 нафар нируҳои Амрико дар зарфи 18 моҳ ё то моҳи августи соли 2010 бояд аз Ироқ хориҷ шаванд. Аммо дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки тақрибан ба 50 000 сарбози Амрико дар Ироқ дастур дода хоҳад шуд, ки барои кӯмак ба нируҳои Ироқ ва ҳимоят аз манофеъи Амрико дар Ироқ дар ин кишвар боқӣ бимонанд.

XS
SM
MD
LG