Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисод ва энержии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, санҷишҳои беҳади фаъолияти соҳибкорон аз сӯи мақомоти назоратию тафтишотии ҳукумат, ки монеъа ба рушди соҳибкорӣ ва ҳатто боис ба тарки соҳибкории шаҳрвандон шудааст, порлумонро водор кард, то ба муддати ду сол ҳар гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкоронро манъ кунад. Вай афзуд, тарҳи ин қонун аз ҷониби дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон ироа шуда, бо аксарияти оро аз сӯи вакилони парлумон пазируфта шудааст.
Қонуни мазкур дар ҳоле аз сӯи парлумон қабул шуд, ки ним сол қабл раисҷумҳури Тоҷикистон бо дархости соҳибкорон бо як фармон бозрасии фаъолияти бахши хусусиро ба муддати 2 сол моратория эълом кардааст. Аммо масъулони созмонҳои марбут ба соҳибкории Тоҷикистон мегӯянд, баъди ин фармон ҳам мақомот аз тафтиши фаъолияти соҳибкорон даст накашидаанд. Ба гуфтаи Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани миллии соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон, соҳибкорон аз ин фармон истиқбол менамоянд, вале бархе масъулон фармонро нодида мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти бозрасикунанда муввазафанд, таи ду сол аз бозрасии фаъолияти соҳибкорон худдорӣ кунанд.
Ба қавли Миралӣ Қодиров, масъули Маркази дастгирии соҳибкорони шаҳри Душанбе, як пурсиши ин марказ миёни соҳибкорон муайян кардааст, ки масъулони бархе аз сохторҳои давлатӣ ба ин фармон беэътиноӣ менамоянд. Ба қавли ӯ ин пурсиш собит кардааст, ки ҳатто бархе аз тафтишгарон дар дафтари қайди соҳибкорон навиштаанд, ки ин фармон ба онҳо рабт надорад.
Соҳибкорон мегӯянд, бар замми фармон қабул шудани қонун дар бораи моратория аз сӯи порлумон ба соҳибкорон имкон медиҳад, ки аз ҳақи худ дар баробари мақомоти бозрасикунанда дифоъ кунанд, вале аз сӯи дигар он мушкилоти соҳибкоронро чандон кам намекунад. Масалан, давлат дар баробари эълони мараторияи тафтиши фаъолияти соҳибкорон онҳоро аз супоридани молиёт озод накардааст ва соҳибкорон маҷбуранд, дар як сол дувоздаҳ маротиба ба мақомоти мухталиф ҳисобот пешниҳод кунанд.
Зайд Саидов, раиси Анҷумани корхонаҳои соҳибкории хурду миёна мегӯяд, беҳтар мебуд, қонуни молиётро ба вазъи имрузаи иқтисоди кишвар мутобиқ мекарданд.
Вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки қонуни қабулшуда замоне ба ҳукми амал медарояд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар зери он имзо кунад. Бино маълумотҳои расмӣ ҳанӯз раисҷумҳур Раҳмон зери ин қонун имзо накардааст.