Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати ягонаи Фаластин таъсис хоҳад шуд


Гурӯҳҳои фаластинии “ҲАМОС” ва “Фатҳ” эълом доштанд, ки барои таъсиси ҳукумати муштарак то охири моҳи март омодаанд.

Созиш дар ин бора дар музокироти раҳбарони ин ду гурӯҳ дар шаҳри Қоҳира бо миёнҷигарии кишвари Миср ҳосил шуд. Намояндаи Ҷабҳаи мардумии озодибахши Фаластин Ҷамил Маҷдалавӣ изҳор намуд, ки дар поёни музокироти “ҲАМОС” ва “Фатҳ” чанд кумита таъсис шуд, ки барои ташкили ҳукумати ягона омодагӣ мегиранд. Айни ҳол гурӯҳи "Фатҳ" Каронаи бохтарии руди Урдун ва "ҲАМОС" навори Ғазаро таҳти назорат доранд.
Дар музокирот ҳамчунин мавзӯъи ироаи кумак ба навори Ғаза баррасӣ шуд. Қабл аз музокирот гурӯҳҳо дар мавриди озод кардани фаъолони боздоштшудаи ду ҷониб ба тавофуқ расиданд.
XS
SM
MD
LG