Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод хостори ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин шуд


Мақомоти Покистон аз ИМА хостанд, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро ба ихтиёри онҳо гузоранд, то ки тавассути онҳо пойгоҳҳои мусаллаҳони ошубгар дар марзи Афғонистонро аз байн бубаранд. Вазири умури хориҷаи Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ба хабаргузории Associated Press иттилоъ дод, ки ин мавзӯъ рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқоташ бо мушовири раисиҷумҳури Амрико оид ба амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс ба миён гузошта шуд.

Соли гузашта ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ мавқеъҳои мусаллаҳонро дар қаламрави Покистон мавриди бомбборон қарор дода буданд, ки ин боиси эътирози Исломобод гардид. Ба гуфтаи Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, дар ихтиёри Покистон гузоштани ин ҳавопаймоҳо ба баҳсҳо атрофи ин мавзӯъ хотима хоҳад гузошт ва ба Исломобод имкон хоҳад дод, то ки ҳамла ба пойгоҳҳои ифротгароҳоро таҳти назорат бигирад.
XS
SM
MD
LG