Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талко ва Роғун иншооти стратегӣ эълон шуданд


Нишасти порлумони Тоҷикистон
Нишасти порлумони Тоҷикистон

Порлумони Тоҷикистон имрӯз як тарҳеро тасвиб кард, ки тибқи он, хусусигардонии ширкати «Талко» ва нерӯгоҳҳои «Норак» ва «Роғун» ғайримумкин эълон шуд.

Зимни баррасии тарҳи иловаҳо ба қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» намояндагони порлумон ин се ниҳодро объектҳои дорои аҳамияти давлатӣ ва стратегӣ номида, хусусигардонии онҳоро ғайри қобили қабул эълон карданд.

Ба гуфтаи ҷонишини раиси Кумитаи оид ба сармоягузорӣ ва моликияти давлатӣ Маъруф Сайфиев, дар баробари ин се объект ҳамчунин хусусигардонии як қатор ниҳодҳои низомӣ ва захоири обии кишвар номумкин дониста шуд.
XS
SM
MD
LG