Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин меҳмони Обама дар Кохи Сафед


Таро Асо, сарвазири Ҷопон нахустин раҳбари хориҷӣ гардид, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ӯро дар Кохи Сафед ба ҳузур пазируфт. Президенти ИМА инро чун намоиши риштаҳои мустаҳками равобити миёни Вошингтон ва Токио арзёбӣ кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Барак Обама ба Таро Асо дар ин мулоқот бештар сари мавзӯъи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ тамаркуз карданд. Сарвазири Ҷопон гуфт, ки Токио ва Вошингтон барои рафъи ин бӯҳрон бояд дар якҷоягӣ талош варзанд.

Дар мулоқоти Обама ва Асо мавзӯъи кумаки Ҷопон ба Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон ҳам баррасӣ шуд.Сафари расмии Таро Асо ба Вошингтон ба думболи сафари Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба Токио сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG