Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон ва Медведев дар Маскав


Дар ин лаҳзаҳо дар Маскав мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия идома дорад. Соъате пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои боздиди корӣ ва мулоқот бо раҳбарони Русия вориди Маскав шуд. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев масоили захоири обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳузури муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ аз масоили аслӣ ба шумор меравад. Дар ҷараёни ин боздид ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия ҳамчунин қарордодҳои ҳамкории дуҷонибаро бозбинӣ мекунанд. Ин қарордодҳо моҳи октябри соли 2004 дар ҷараёни боздиди Влодимир Путин-раиси ҷумҳури вақти Русия аз Тоҷикистон имзо шуда буд. Пагоҳ боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Русия идома мекунад.

XS
SM
MD
LG