Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз Амрико дар Осиё низ нархи саҳом поин рафт


Баъд аз поин рафтани нархҳо дар бозори Амрико нархи саҳом ва нархи нафт дар бозорҳои Осиё низ поин рафтааст. Нишондиҳандаҳо дар бозори саҳоми Никейи Ҷопон, ки дар соли ҷорӣ 20 дарсад суқут кардааст, имрӯз 2,5 дарсади арзиши саҳоми худро аз даст дод ва тақрибан ба суқути соли 1982 баробар шуд. Нархи нафт ҳамчунон дар ҳоли поинравист. Масалан, дар Сингопур нархи як бушка нафти хом аз 38 доллар поин афтодааст. Рӯзи душанбе дар бозорҳои Амрико нархи саҳом дар 12 соли ахир ба поинтарин нуқта расид. Аз ҷумла, дар Dow Jones нарх 3,4 ва дар Standard & Poor's нарх 3,5 дарсад поин рафт.

XS
SM
MD
LG