Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи баррасии стратегияи нави ИМА


Дар ИМА баррасии стратегияи нави мубориза бо ифротгароӣ дар Афғонистон ва Покистон идома дорад. Ин ҳафта дар баррасии ин стратегия вазирони умури хориҷаи ин ду кишвар низ ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад имрӯз Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико, дар Вошингтон бо ҳамтои покистонияш Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот кунад. Рӯзи панҷшанбе хонум Клинтон вазири умури хориҷаи Афғонистон Рангин Додфар Спантаро ба ҳузур мепазирад. Ҳамчунин музокироти сеҷонибаи ИМА Покистон ва Афғонистон дар назар аст.
XS
SM
MD
LG