Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми ҷиддӣ алайҳи Исроилу Ҳамос


Як созмонии мӯътабари ҳомии ҳуқуқ Исроил ва гурӯҳи тундрави Ҳамосро ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар муноқишаи ахирашон муттаҳам кард. Созмони Авфи Байналмилал, қароргоҳаш дар шаҳри Ландан гуфт, ҳарду тараф барои ҳамла ба мардуми ғайринизомӣ аз силоҳҳои хориҷӣ истифода кардаанд. Созмони мазкур Исроилро ба истифода аз фосфори сафед ва дигар аслиҳаи сохти Амрико муттаҳам намуда ва созмони Ҳамосро барои партоби бенизоми мушакҳо ба Исроил маҳкум кардааст. Авфи Байналмилал бо нашри гузорише имрӯз аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хост, алайҳи тамоми тарафҳо таҳрими фурӯши силоҳ эъмол намояд.
XS
SM
MD
LG