Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мансабдорро "барои меҳмонӣ" рабуданд


Толибон дар водии Своти Покистон як корманди воломақоми ҳукумати маҳаллӣ ва шаш муҳофизи ӯро рабудаанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, афроди мусаллаҳ мансабдори маҳаллӣ Хушал Хонро дар роҳ сӯи шаҳри Мингору, маркази Свот боздошт карда, ҳамроҳ бо муҳофизонаш ба мавзеъи номаълум бурдаанд. Баъдан манбаъҳои “Толибон” низ ин хабарро тайид карданд ва аммо гуфтанд, ки Хушал Хон фақат меҳмони онҳост ва ба зудӣ раҳо хоҳад шуд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки расо як ҳафта қабл яке аз раҳбарони Толибон Мавлоно Суфӣ Муҳаммад ва волии Вилояти Марзии Шимолу Ғарбии Покистон дар як музокирот дар шаҳри Пешовар дар мавриди ҷорӣ кардани қавонини шариат дар минтақаи Малоканд, ки Свот як бахши он аст, ба тавофуқ расиданд ва ба ин васила ба ҳам дасти оштӣ дароз карданд.

Шурӯъ аз соли 2007, ки амалиёти низомии артиши Покистон алайҳи толибон дар минтақаи Свот шурӯъ шуд, дар ин ҷо тақрибан ҳазор тан аз сокинони маҳаллӣ кушта шуда,ҳазорҳо нафари дигар манзилҳои худро тарк карда дар дигар мавзеъҳо панаҳ бурданд.

XS
SM
MD
LG