Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳоти ҳаммарз бо Афғонистон худро дифоъ мекунанд


Мақомоти Вилояти марзии Шимолу ғарбии Покистон тасмим гирифтаанд, ки сокинони маҳаллиро барои мубориза бо мусаллаҳони мухолифи ҳукумат бо силоҳ таъмин кунанд. Нахуствазири устон Амир Ҳайдар Ҳотӣ гуфт, сокинони деҳаҳое, ки ба феҳрасти деҳоти ифротгаро шомил нестанд, барои дифоъ аз худ 30 ҳазор милтиқ дарёфт хоҳанд кард. Артиши Покистон ва вазорати умури дохилаи кишвар изҳор намуданд, ки мақомоти маҳаллӣ мавзӯъи бо силоҳ таъмин кардани мардуми деҳотро бо онҳо матраҳ накардаанд. Дар манотиқи шимолу ғарби Покистон моҳҳои ахир амалиёти артиши Покистон алайҳи "Толибон"-у созмони "Ал-Қоида" ва пуштибонҳои маҳаллии онҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG