Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи байнулмилалии забони модарӣ


21-уми феврал дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии забони модариро баргузор карданд.

Ин рӯзи байнулмилалӣ аз соли 2000-ум ба ин сӯ бино ба тасмими СММ хотирнишон мешавад. Дар соли 1999 Конфронси умумии ЮНЕСКО тасмим гирифт, ки ҳар сол 21-уми феврал дар кишварҳои узви ЮНЕСКО ин рӯзро баргузор ва ба ҳамин баҳона ба вазъи забонҳо дар кишварҳои мухталиф мурур кунанд. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО ҳоло дар ҷаҳон 6 ҳазору 500 забони зинда вуҷуд дорад. Донишмандон муайян кардаанд, ки ба 6 ҳазор забон чанд нафар гуфтугӯ мекунанд. Вале барои 500 забони дигар, ки ба ҳар як аз он чанд нафар ҳоло гуфтугӯ мекунанд, таъйин нашудааст. Дар ҷаҳон 10 забони аслиро ҷудо кардаанд, ки ба ҳар яки он бештар аз 109 миллион нафар таккаллум мекунанд. Ин забонҳо аз рӯи шумораи ононе, ки ба он гуфтугӯ мекунанд, ба қарори зайл меояд:

Чиноӣ, инглисӣ, ҳиндӣ, испанӣ, русӣ, арабӣ, бенголӣ, португалӣ, малайзӣ-индонезӣ ва фаронсавӣ.

Дар ҷаҳон ҳамчунин забонҳое вуҷуд дорад, ки ба онҳо камтар аз 10 нафар гуфтугӯ мекунанд. Ин гуна забонҳо 199-то ҳисоб шудааст. Забонҳои дигаре ҳам ҳастанд6 ки ба онҳо аз 10 то 50 нфар гуфтугӯ мекунанд ва шумораи унин забонҳо ба 178-то мерасад. Тибқи мутолеъоте, ки анҷом гирифтааст, ба баъзе забонҳо ҳатто як нафар сӯҳбат мекардааст ва баъд аз даргузашти ҳамин як нафар соҳиби забон, худи забон ҳам аз байн рафтааст. Чунин намунаҳо дар Танзания, Туркия, Аляскаи Амрико ва дар ҷазираи Мард вуҷуд доштаанд, ки дар охири қарни гузашта аз байн рафтаанд. Хатари нобудӣ ба баъзе забонҳои дигар низ вуҷуд дорад. Масалан, дар Австралия 108 забон ва дар доираи нуфузи забони фаронсавӣ 26 забони дигар дар марҳалаҳои мухталифи нобудӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG