Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов ба Ӯзбакистон сафар мекунад


Бино ба иттилоъи Ожонси миллии хабарии Ӯзбакистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон рӯзҳои 24-25-ӯми феврал аз Ӯзбкистон бодид ва бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот мекунад. Тиъқи ин хабар, дар ҷараёни боздид густариши ҳамкориҳои Туркманистону Ӯзбакистон ва масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ баррасӣ мешавад. Дар бораи ҷузъиёти ин масъалаҳо маълумот дода нашудааст, вале гуфта мешавад, ки имзои як силсила санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG